Имсол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро 17 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд

Июнь 13, 2022 09:34

ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро 1518 нафар донишҷӯён хатм намуданд, ки аз ин теъдод 17 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд. Ин нукта 11 июн зимни ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба муносибати хатми имсолаи донишҷӯёни тиббӣ  баён шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҳамоиши мазкур  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ректори муассисаи мазкур Маҳмадшоҳ Гулзода ва устодону донишҷӯёни ин муассиса иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки вобаста ба раванди имтиҳоноти хатм, ки соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 1874 нафар донишҷӯён, аз ҷумла, аз факултети тиббӣ 1164 нафар, аз факултети педиатрӣ 96 нафар, аз факултети стоматологӣ 166 нафар, аз факултети фармасевтӣ 63 нафар ва аз факултети тиббӣ-профилактикӣ 29 нафар хатмкунандагон имтиҳонҳои хатмро бо муваффақият супориданд. Аз теъдоди умумии хатмкунандагон 253 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил намуда, 356 нафарашонро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳад.

Таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи баланд бардоштани дониши хонандагону донишҷӯён, бархӯрдор гардондани онҳо аз дастовардҳои илмию техникӣ, ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят намудани онҳо воқеан ҳам бамаврид буда, моро водор месозад, ки дар ин самт аз тамоми имконот истифода намоем. Зеро танҳо бо илму дониш, ақлу заковат, ихтирооту навоварӣ дар назди аҳли башар метавон сарбаланд шуд.

«Набояд фаромӯш сохт, ки хатми донишгоҳ –ин ҳанӯз саршавии роҳ аст. Барои табиби ҳозиқу донишманд ва мушкилкушои ҳазорон нафар ниёзмандон гаштан, бояд минбаъд низ омӯхтану таҷрибаи андӯхтаи ҳамкасбони калонсолро аз бар намудан, шеваи асосии кору фаъолият мегардад. Зеро танҳо дар амал татбиқ намудани донишҳои тӯли шаш сол аз барнамуда, ғамхору мушкилкушои беморону ниёзмандон гаштан дараҷаи касбиятро муайян менамояд ва ба боварию эътимод, ихлосу эътиқоди мардум бурда мерасонад»,-тазаккур дода шуд дар ҳамоиш.

Бо ифтихормандӣ иброз гардид, ки хатмкардагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар зиёда аз 50 давлатҳои дунё кору фаъолият карда истодаанд, ки ин боиси ифтихори мост ва барои баланд бардоштани обрӯю нуфузи ватану миллати азизамон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

АКС: ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Июнь 13, 2022 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад