Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба вилояти Хатлон меравад

Июнь 5, 2022 09:40

ДУШАНБЕ, 05.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8-11 июни соли равон  Корвони  «Модарони Ваҳдатсаро» ба вилояти Хатлон сафар мекунад. Ин иқдом  бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ба 25-солагии Рӯзи  Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» бо иштироки занону духтарони фаъол ва собиқадори мамлакат дар вилояти Хатлон баргузор мегардад.

Дар доираи баргузории Корвони мазкур ташкил ва гузаронидани суҳбату вохӯриҳо дар ҷамоатҳо, қисмҳои низомӣ, тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боздид аз мавзеъҳои таърихию –фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.

                                                                             АКС: манбаъҳои боз

Июнь 5, 2022 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд