«Маснавии маънавӣ» дар ду шакл бо теъдоди 10 ҳазор нусха ба нашр расид

Июнь 20, 2022 11:21

ДУШАНБЕ, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Нашри нави «Маснавии маънавӣ» бо дарназардошти талаботи мардуми адабдӯсту фарҳангпарвари тоҷик ва бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Ин ганҷинаи маънавӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти мамлакат пас аз таҳрири нав бо ороиши зебо пешкаши хонандагон ва дӯстдорони каломи Мавлоно мегардад», — чунин иброз намуд Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода 18 июн зимни маросими рӯнамоии ин асари безевол ва намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти «Адиб» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Зулфия Давлатзода Ҷалолуддин Балхиро яке аз пуркортарин адибони адабиёти форсу тоҷикӣ номида, изҳор дошт, ки «нигоштаҳои килки сеҳрангези адиб, мутафаккир дар «Девони Шамс» ё «Девони кабир», «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси сабъа», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот»-и ӯ фароҳам омадаанд. Пойгоҳи ин суханвар дар олами шеъру шоирӣ ончунон баланд аст, ки гурӯҳе вайро ба ҳайси бузургтарин шоири ҷаҳон, ҷамъе бузургтарин шоири адабиёти форсу тоҷикӣ эътироф намудаанд».

Тавре корманди маркази матбуоти Вазорати фарҳанг Марям Холиқзода  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз намоиш-фурӯш аҳли фарҳанги кишвар, адибон, устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, сокинону меҳмонони пойтахт дидан намуда, китобҳои мавриди писанди хешро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.

Дар ҷараёни маросими рӯнамои мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода иброз дошт, ки «маҳз дар замони истиқлол бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шахсият ва ашъори Мавлоно ошноӣ пайдо намудем. Ба нашр расидани ин шоҳасар аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузург дошта, дар тарбияи маънавии аҳли башар саҳми арзанда мегузорад. «Маснавии маънавӣ» ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ давру замон аҳаммияти худро гум накардааст ва нахоҳад кард».

«Маснавии маънавӣ» дар ду шакл: матни комили асар дар як китоб ва се қисмат дар се ҷилд, бо теъдоди 10 000 нусха аз ҷониби Муассисаи давлатии нашриявии «Адиб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода аз ташаббусҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти нашри китобҳои адибони классику муосири тоҷик, бахусус «Маснавии маънавӣ» ёдоварӣ намуда, ба муҳаррирону мураттибони китоб барои таҳия ва омода намудани ин шоҳасар арзи сипосу миннатдорӣ кард.


Алии Муҳаммади Хуросонӣ, ки дар таҳияи ин китоб саҳми барҷаста дорад, зимни суханронӣ арзи сипосу миннатдории хешро ба Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри ин китоб баён намуд. Номбурда аз заҳматҳои шабонарӯзии мураттибон Мубашшири Акбарзод, Баҳриддин Ализода ёдоварӣ намуда, вобаста ба баргардонии матни форсӣ бо ҳуруфи кирилӣ мутобиқ ва фаҳмо гардонидани он барои хоанадагон ибрози андеша намуд.

Гуфта шуд, ки Ҷалолуддин Балхи шоирест нотакрор ва мутафаккирест беҳамто, ки иттиҳод, ваҳдат, ҳамбастагӣ ва эҳёи асолати миллию инсонӣ нуқтаи олии ғоявии эшонро ташкил медиҳад:

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Июнь 20, 2022 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад