ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона аз 23 то 45 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 27.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона аз 23 то 45 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона ҳарорати ҳаво баланд шуда аз 27+32 то 32-37 дараҷа гарм ва дар ноҳияи Дарвоз то 40 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона ҳаво баланд шуда аз 23+28 то 29-34 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа ва рӯзона 40+45 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона ҳарорати ҳаво баланд шуда аз 27+32 то 32-37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19+21 дараҷа ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






