Пагоҳ дар саҳни Театри опера ва балети шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китоби «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ доир мегардад

Июнь 23, 2022 12:55

ДУШАНБЕ, 22.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 24 июн, соати 17-00 дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ намоиш – фурӯши китоби «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) роҳандозӣ мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки 18 июни соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки китоби мазкур аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти «Адиб» ба забони тоҷикӣ бо сифати баланд нашр шудааст. «Маснавии маънавӣ» дар ду шакл: матни комили асар дар як китоб ва се қисмат дар се ҷилд, бо теъдоди 10 000 нусха ба чоп расидааст.

Дар маросими рўнамоии китоби мазкур муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода аз ташаббусҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти нашри китобҳои адибони классику муосири тоҷик, бахусус «Маснавии маънавӣ» ёдоварӣ намуда, ба муҳаррирону мураттибони китоб барои таҳия ва омода намудани ин шоҳасар арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Ҳамчунин дар маросими мазкур Алии Муҳаммади Хуросонӣ, ки дар таҳияи ин китоб саҳми барҷаста дорад, арзи сипосу миннатдории хешро ба Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри ин китоб баён намуд. Номбурда аз заҳматҳои шабонарӯзии мураттибон Мубашшири Акбарзод, Баҳриддин Ализода ёдоварӣ намуда, вобаста ба баргардонии матни форсӣ бо ҳуруфи кирилӣ мутобиқ ва фаҳмо гардонидани он барои хоанадагон ибрози андеша намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо такя ба маълумоти манбаъҳои гуногуни ҷаҳонӣ навишта буд, тайи 10 соли охир дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳама бештар мутолиа ва фурӯхташуда эътироф шудааст. Махсусан пас аз он, ки ЮНЕСКО соли 2007-ро бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли Ҷалолиддини Румӣ эълон кард ва дар саросари ҷаҳон 800-солагии Мавлоно таҷлил шуд, дар Амрико ва дигар гӯшаву канори ҷаҳон боз ҳам таваҷҷуҳ ба эҷодиёти ин шоири бузург бештар шуд.

Дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет танҳо бо забони англисӣ бо беш аз 800 ҳазор мавод дар бораи шоир ва иқтибосҳо аз ашъори ӯ пайдо мегардад. Дар саросари Амрико дар марказҳои савдо китобҳои Ҷалолиддини Румиии Балхӣ, тақвимҳо ва ҳатто либос, ки акси шоирро доранд, фурӯхта мешаванд.

Ба иттилои «The Guardian», китоби ашъори шоир бо номи «Марвориди Румӣ» ба забони инглисӣ, ки аз ҷониби донишманди маъруфи амрикоӣ Колман Баркс тарҷума шудааст, бо тиражи беш аз як миллион нусха дар Амрико, дар кӯтоҳтарин фурсат ба фурӯш рафтааст ва ҳоло китоб, чунон ки мегўянд, аз даст ба даст фӯрухта мешавад.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Июнь 23, 2022 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид