Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазоратҳо ва сохторҳои давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 10.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо кадрҳое, ки дар сохтори Вазоратҳои маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Осорхонаи миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин гардиданд, сӯҳбат намуданд.
Пешвои миллат зимни мулоқот аз таҳлилу баҳогузорӣ ба фаъолияти роҳбарони мақомоти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимму рӯзмарра, нақши ҳар як мутахассис дар пешрафти соҳа вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо далелу рақамҳои дақиқ мисол оварда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ба роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати тарбияи мутахассисони ҷавон, кордону ватандӯст ва дорои ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ дастуру супориш дода, Сарвари давлат, бахусус, ба соҳаи илму маориф, ки махзани асосии тайёр кардани кадрҳои соҳибмалака дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар сохтору мақомоти зикргардида аз баъзе камбудиву норасоиҳо ёдовар шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки; «кадрҳои ҷавон бояд бо завқи беандоза, дасту дили пок, савияи баланди донишҳои замонавӣ, маҳорати роҳбарӣ ва суханвариву забондонӣ барои аз байн бурдани монеаҳои роҳҳои рушду тараққиёти давлат — хурофотпаратӣ, ришваситонӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи волоияти қонун мубориза баранд ва дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






