Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара коргоҳҳои рангуборкунии матоъ, дӯзандагӣ ва бинои маъмурии ҶДММ «Файзи Карим»-ро ифтитоҳ намуданд

Июнь 17, 2022 12:23

ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара марҳилаи дуюми коргоҳҳои рангуборкунии матоъ, дӯзандагӣ ва бинои маъмурии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Карим”-ро ифтитоҳ карданд.

Марҳилаи 2-юми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Карим” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар ва дар доираи солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд шудааст.

Дар коргоҳҳои корхона муосиртарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия васлу насб гардидааст, ки бо истифода аз ин имконот, истеҳсолот дар доираи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мегардад.

Иншоот аз ду ошёна ва аз се қисми асосии истеҳсолот иборат мебошад.

Дар сехи бофандагӣ 10 дастгоҳи калони даврашакл насб шуда, асосан барои бофтани газвор, аз қабили матоъҳои яктарафа ва дутарафаи риштадор истифода карда мешаванд. Иқтидори солонаи истеҳсолии коргоҳ зиёда аз 36 тоннаро ташкил намуда, талаботи истеҳсолотро бо матои газвор таъмин мекунад.

Ришта ҳамчун ашёи хом аз корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ — Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” ва “Ваҳдаттекстил”-и ноҳияи Ёвон дастрас карда мешавад.

Сехи дуюми корхона — коргоҳи рангубори матоъ буда, он аз дастгоҳи рангкунии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати истифодаи қувваи барқ каммасраф, таҷҳизоти рангубори ришта иборат мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли солонаи рангубори матоъҳои газвор бо рангҳои гуногун зиёда аз 36 тоннаро ташкил медиҳад.

Давраи ниҳоии хати истеҳсолии корхона дӯзандагӣ мебошад, ки дар он 80 адад мошинаи дарздӯзӣ ва таҷҳизоти ба он вобаста насб карда шудааст.

Иқтидори истеҳсоли коргоҳи дӯзандагӣ вобаста ба фармоиш дар як шабонарӯз ҳазор донаро либос ташкил медиҳад.

Айни замон дар марҳилаи якум ва дуюми лоиҳа 250 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Мағозаи фуруши маҳсулоти корхона дар ошёнаи якум ҷойгир шудааст.

Ҷамъияти дорои маъсулияти маҳдуди “Файзи Карим” ҷиҳати ҳамкорӣ ва пешбурди фаъолият, инчунин омода намудани мутахассисон бо Федератсияи Русия, Туркия ва Ҷумҳурии Узбекистон ҳамкории зич ба роҳ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи якуми Ҷамъияти дорои маъсулияти маҳдуди “Файзи Карим” оид ба истеҳсоли намудҳои гуногуни либосҳои ҳарбӣ ва корӣ барои кормандони соҳаҳои гуногун, инчунин сару либоси кӯдакона аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 2019 ифтитоҳ гардида буд.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди ду корхона — Корхонаи воҳиди давлатии “Чарми Данғара”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коргоҳҳои рангуборкунии матоъ, дӯзандагии ҶДММ “Файзи Карим” дар маҷмӯъ 400 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки як ҳадафи асосии сиёсати иҷтимоии ҳукумат мебошад.

Ифтитоҳи Коргоҳҳои рангуборкунии матоъ, дӯзандагӣ ва бинои маъмурии ҶДММ “Файзи Карим” дар ноҳияи Данғара 17.06.2022

Июнь 17, 2022 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ 10 иншооти навро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Нозироти андозро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара 3 корхонаи саноатиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд