РОБИТАҲОИ ДУҶОНИБА САМАРОВАРАНД. Бонувони соҳибкори Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро тақвият медиҳанд

Июнь 21, 2022 15:55

ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳкими ҳамкории судманди Тоҷикистону Узбекистон ва татбиқи қарорҳо дар сатҳи ташкилоти ҷамъиятӣ мулоқоти бонувони соҳибкори вилоятҳои Суғд ва Тошканд баргузор карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) муштаракан бо Ассотсиатсияи занони соҳибкори Узбекистон (АЗСУ) дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши тиҷоратии занони соҳибкори ду давлатро дар формати B2B барои роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкорӣ баргузор намуд.

Ин ҳамоиш дарси маҳорат барои стартаперҳои маҳаллӣ, ҳамчунин, анҷумани кории бонувони соҳибкори ду кишвар буд. Роҳбарони ҳар ду ташкилот, яъне АМЗСТ ва АЗСУ Гулбаҳор Маҳкамова ва Гулнора Маҳмудова ният доранд, ки чунин ҳамкориро вусъат бахшида, чанд ташаббус ва лоиҳаҳои муштаракро дар самти рушди соҳибкории бонувон дар минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозӣ намоянд.

Онҳо чандин лоиҳаи муштаракро оид ба мустаҳкам кардани мақоми зан дар оила ва ҷомеа, баланд бардоштани ҳуқуқҳои иқтисодӣ, имкониятҳо, умуман, рушди соҳибкории бонувонро амалӣ карданд. Занони соҳибкори тоҷику узбек чандин маротиба барои таҳкими робитаҳои корӣ ва тиҷоратӣ сафарҳои муштарак доштанд.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссар Қаҳҳорӣ иброз дошт, ки ҳоло барои рушди соҳибкории занон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Бонувони соҳибкори узбекистоние, ки ба анҷуман даъват шуда буданд, оид ба фаъолият ва таҷрибаи кориашон дар соҳаҳои сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ, хизматрасониҳои таълимӣ ва тиббӣ маълумот доданд. Онҳо бо стартаперҳои мо вохӯрда, маслиҳатҳо доданд, ки барои рушди соҳибкориашон ёрӣ мерасонанд.

Ин гуна вохӯриҳо имкон медиҳанд, ки ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва муҳим аз ҳама робитаҳои дӯстӣ пурзӯр гардонида шаванд ва дар ин самт аллакай чандин созишномаҳо ба имзо расидаанд.

АКС: Шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд

Июнь 21, 2022 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд