Сафирони Подшоҳии Марокаш, Бразилия ва Маҷористон дар Тоҷикистон нав шуданд

Июнь 14, 2022 14:34

ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 июн сафирони навтаъйини Подшоҳии Марокаш Муҳаммад Рашид Маанину, Бразилия Олинто Вией ва Маҷористон  Отто Иван Рона дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаҳои худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии кишвар Музаффар Ҳусейнзода супориданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрҳо Музаффар Ҳусейнзода бо сафирони навтаъйин дар бораи самтҳои авлавиятноки ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар кард.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дипломатҳоро ба муносибати таъйин шуданашон ба вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо  дар фаъолияти корӣ барору комёбӣ таманно намуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 14, 2022 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»