Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини директори Департаменти Хазинаи байналмилалии асъор оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Субир Лалл мулоқот намуд

Июнь 22, 2022 13:05

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини директори Департаменти Хазинаи байналмилалии асъор оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Субир Лалл мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаи таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ, нақшаву дурнамои марбут ба рушди оянда ва кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, саноат, энергетика, тандурустӣ, сайёҳӣ, роҳу нақлиёт ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.

Таъкид шуд, ки дар заминаи татбиқи ислоҳот, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо шарикони рушд, аз ҷумла Хазинаи байналмилалии асъор солҳои охир фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беҳтар гашта, ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва бо ин васила рушди соҳаҳои афзалиятнок шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҷонибҳо аз вусъати ҳамкорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволиро аз ҳадафҳои аввалиндараҷа баён намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 22, 2022 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд