Сохтмони мактаб-парваришгоҳ дар Ҷамоати деҳоти «Рӯдакӣ»-и ноҳияи Вахш дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти «Рӯдакӣ»-и ноҳияи Вахш сохтмони мактаб-парваришгоҳ барои кӯдакони ятиму бепарастор дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
«Мактаб-интернат аз бинои асосӣ, хобгоҳ барои 540 нафар, ошхона барои 480 нафар, меҳмонхона барои 10 нафар, бунгоҳи тиббӣ, утоқи посбонҳо, ҳуҷра барои вохӯрии волидайну тарбиятгирандагон ва майдончаи варзишии футболи хурд иборат мебошад. Синфхонаҳои муассиаи мазкур бо таҷҳизоти таълимии замонавӣ, мизу курсӣ, инчунин хобгоҳ бо рахтҳои нави хоб ва ҷиҳоз барои истироҳат таъмин гардонида мешаванд», -афзуд манбаъ.
Масоҳати ҷойгиршавии бинои таълимӣ аз 3 гектар иборат буда, атрофи бино бо гулу ниҳолҳои ороишӣ зиннат дода мешавад.
7 июн Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Вахш сафари корӣ дошт ва аз маҳалли сохтмони мактаб-парваришгоҳи кӯдакони ятиму бепарастор дидан кард.
Иттилоъ дода шуд, ки мактаб-интернат аз ҳисоби маблағҳои хайриявӣ аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Эҳёи Сомониён» ба маблағи 8 миллион сомонӣ барои 240 ҷойи нишаст дар як баст бунёд гардидааст.
Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки иншооти сохташавандаро дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд ба истифода диҳанд. Инчунин зикр намуд, ки то итмоми сохтмони иншоот заминҳои корами атрофашонро сарфакорона истифода бурда, кишт намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1261 бинои муассисаи таълимӣ барои 512 ҳазор хонанда ба маблағи умумии қариб 2 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Танҳо соли 2021 дар вилоят 100 бинои муассисаи таълимӣ барои 40 ҳазору 500 хонанда бунёд гардидааст.
Барои таъмин намудани рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон Ҳукумати мамлакат 15 лоиҳаи давлатии сармоягузориро ба маблағи 851 миллион сомонӣ татбиқ карда, ҳоло барои амалӣ намудани боз 7 лоиҳаи дигар 1,1 миллиард сомонӣ равона намудааст.
АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон










Дар ноҳияи Кӯшониён 21 Маркази рушди инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон ба як омӯзгор 18 хонанда рост меояд
Хонандагони фаъоли пойтахт дар истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрии «Шарора» таътили босамар мегузаронанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Хуросон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст
Маркази миллии тестӣ гурӯҳи ихтисосҳои серинтихобро номбар намуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 27 ихтисоси нав дар соҳаи технология ва металлургияи металлҳои сиёҳ ташкил мешавад
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» оғоз ёфт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол дар нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 10 ҳазор ҷой зиёд ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Мактаби байналмилалии тобистона оид ба омӯзиши криосфера ба фаъолият оғоз намуд
«БЕҲТАРИНИ ОСИЁ – 2026». Навраси тоҷик сазовори ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Моҳи ноябр доир ба саҳми Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад






