Тоҷикистон ва Беларус масъалаҳои афзалиятнокро дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ муҳокима намуданд
ДУШАНБЕ, 10.06.2022/АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Беларус — шаҳри Минск ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар доираи ҷаласа гуфтушуниди ҳамраисони Комиссия — Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода ва Вазири хоҷагии деҳоти Ҷумҳурии Беларус Игор Брило баргузор гардид, ки дар он мусоҳибон оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, интиқоли бор, маориф, илм ва сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки дар кори он намояндагони муассисаҳои ҳукуматӣ ва доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар иштирок доштанд, таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, комплекси агросаноатӣ, саноат, нақлиёт, сохтмон, энергетика, маориф ва тандурустӣ баррасӣ гардиданд.
Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ва созишномаи умумӣ байни БДА «Амонатбонк» ва ҶСК «Бонки рушди Белорус» Созишномаи умумӣ оид ба маблағгузории содиротӣ ба имзо расонида шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд
Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласа оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои СММ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти мансабдорони аршади CAREC-2026 дар Улан-Батор иштирок менамояд






