Вакилони Маҷлиси намояндагон дар конференсияи байналмилалии парлумонии шаҳри Минск иштирок намуданд

Июнь 22, 2022 10:58

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагон Зафар Файзуллозода ва Неъматулло  Холбойзода дар кори конференсияи байналмилалии парлумонӣ дар мавзӯи «Хотираи таърихӣ, ғалабаи бузурге, ки бо ваҳдат ба даст омадааст” дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ҳадафи конфронси байналмилалии парлумонӣ — мутаҳҳид намудани кушишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи хотираи таърихӣ, табодули таҷриба дар соҳаи танзими қонунгузорӣ, таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ  ва ҳамкорӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муқобили сохтакории ҳақиқати таърихӣ ва хотираи воқеаҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ мебошад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Зафар Файзуллозода ва Неъматулло  Холбойзода, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии  Беларус бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Владимир Андрейченко мулоқот намуда, дар маросими гулгузории майдони Ғалабаи шаҳри Минск, аз Академияи миллии Ҷумҳурии Беларус ва Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус, маҷмаии ёдгории (комплекси мемориалии) “Хатин” дар ноҳияи Логойский, вилояти Минск  ва  мавзеъҳои тарихии шаҳри Минск дидан намуданд.

Вакилони мардумӣ ҳамчунин дар кори ҷаласаи пленарии конференсияи байналмилалии парлумонӣ дар мавзўи “Хотираи таърихӣ, ғалабаи бузурге, ки бо ваҳдат ба даст омадааст” иштирок ва суханронӣ намуда, иброз  карданд, ки  “Дар солҳои ҷанг аз Тоҷикистон 300 ҳазор кас ба фронт даъват карда шуд. Зиёда аз 90 ҳазор нафар шаҳрвандҳои мо дар майдонҳои ҷанг ҳалок гардиданд.

Барои мардонагӣ ва мубориза ба муқобили фашизм, ки дар майдонҳои ҷанг нишон дода шудааст, 56 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуда, 54 нафари онҳо бо гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва  15 нафар бо ордени «Шуҳрат дараҷаи се» сарфароз гардиданд.

Имрӯз аз мо талаб карда мешавад, ки таърихи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва оқибатҳои онро объективона инъикос намуда, насли наврасро дар руҳияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром нисбат ба халқу миллатҳои дигар  тарбия намоем.  Мо бояд хотираи мудҳиштарин ҷанги таърихро, ки чандин қитъаро сузондааст, ба наслҳои оянда гузорем. Наслҳои нав бояд хавфи фашизмро дарк кунанд ва арзиши озодшавиро аз он дар хотир дошта бошанд-зикр карданд вакилон.

Дар кори конференсияи байналмилалии парлумонӣ, дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод иштирок намуд.

Акс: МН МО ҶТ

Июнь 22, 2022 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид