Вохӯрии маҷозии Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо як зумра раисони ноҳияҳои вилояти Хатлон доир гардид

Июнь 4, 2022 08:17

ДУШАНБЕ, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд  иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  3 июн вохӯрии маҷозии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов  бо як зумра  раисони ноҳияҳои вилояти Хатлон  доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.

Дар мулоқоти онлайнӣ муовини Раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин, раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон, раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ, кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ иқдомҳои муштараки сафорат ва мақомот вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати ҳамоҳангсозии раванди ҷалби сармояи хориҷӣ ба ноҳияҳои болозикр, инчунин таъмини ҳамоҳангсозии корбариҳо ва мониторинги иҷрои ҳадафҳои гузошташуда  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Акс: Сафорати Тоҷикистон дар Анқара

Июнь 4, 2022 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд