Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба беш аз 11 миллиард сомонӣ расонида шуд

Июль 13, 2022 13:42

ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 11,1 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 123,8 фоиз расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилоят.

12 июл зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд иттилоъ дода шуд, ки дар 6 моҳи соли равон дар вилоят таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, ба миқдори 646,1 ҳазор тонна семент ва 695,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш мутаносибан 97,2 ва 101,6 фоизро ташкил намуд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки кишоварзони вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 3 млрд. 365,2 млн. сомонӣ расониданд, ки ба 112,1 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 баробар мебошад.


Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 1 млрд. 647,0 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 1 млрд. 718,2 млн. сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 6,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 109,0 фоиз, 115,4 ва 110,3 фоиз таъмин гардидааст.

Барои ҳосили соли 2022 дар масоҳати 279 ҳаз. 854,4 гектар кишт гузаронида, нақшаи кишти аксари зироатҳо таъмин гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 13, 2022 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд