Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон дар Анҷумани тиҷоратии EBRD дар Лондон ширкат варзид

Июль 12, 2022 11:42

ДУШАНБЕ, 12.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода дар Анҷумани ҷашнии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) дар Лондон ва инчунин дар Анҷумани тиҷоратӣ бахшида ба 30-солагии ҳамкории бонки мазкур бо кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хабар доданд.

Дар анҷуман ҳамчунин президенти EBRD Одил Рено-Басо, аъзои ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, намояндагони доираҳои коршиносӣ ва соҳибкорӣ ширкат доштанд.

Дар рафти анҷуман шарҳи ҳамкории EBRD бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар тӯли 30 соли охир, инчунин дурнамои рушди минбаъдаи шарикӣ сурат гирифт.

Роҳбарияти Бонк тазаккур дод, ки Осиёи Марказӣ дар сиёсати сармоягузории EBRD авлавияти хосса дорад ва ҳамчунин ба таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои минтақа изҳори ҷонибдорӣ кард. EBRD маблағгузории лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ дар соҳаҳои энергетика, обтаъминкунӣ, нақлиёт, логистика ва дигар соҳаҳоро идома медиҳад. Таваҷҷуҳи бештар ба лоиҳаҳое, ки ба таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва тавсеаи коммуникатсияҳои нақлиётию логистикӣ нигаронида шудаанд, дода мешавад.

Ҳамчунин ба афзоиш додани сармоягузорӣ дар татбиқи тарҳҳои рушди устувор ва энергетикаи «сабз», ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои минтақа саҳми назаррас хоҳанд гузошт, изҳори омодагӣ карда шуд.

Усмоналӣ Усмонзода зимни суханронии худ дар ҷаласаи пленарӣ ба иштирокдорон дар бораи марҳалаҳои рушди иқтисодии кишвар дар 30 соли охир, дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ бо EBRD, тадбирҳои андешида оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, имконоти сармоягузории мавҷуда ва лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ маълумот дод.


Муовини Сарвазири Тоҷикистон таъкид кард, ки авлавиятҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва неруи инсонӣ, рушди устувори иқтисодӣ мутобиқи Ҳадафҳои рушди устувори СММ, ҳифзу таҳкими сулҳу субот дар мамлакат мебошанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон тайи солҳои охир тавонист истиқлолияти худро таҳким бахшад ва ба иштирокчии комилҳуқуқу масъулиятноки муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёбад. Дар ин давра рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар таъмин гардида, баҳри расидан ба ҳадафи олии худ — баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Дар тӯли 20 соли охир рушди миёнаи солонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 миллиард сомонӣ дар соли 2000 то ба 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ то ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар, буҷети давлатӣ 11 баробар ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ беш аз 30 баробар зиёд гардид. Дар ин давра дар кишвар беш аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали истиқлолият қариб 4 баробар афзуд.

Дар доираи анҷуман ҳамчунин бо иштироки ширкатҳои британиягӣ ва хориҷӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ҳамоиши соҳибкорон баргузор гардид.

Ҳамчунин дар ҳошияи Анҷумани EBRD аъзои ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон — муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода ва муовини аввали Вазири молия, Ҳамоҳангсози EBRD дар Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода як қатор вохӯриҳои дуҷониба доир карда, оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор намуданд.


Зимни вохӯриҳо аҳамияти таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ, бунёди иншооти обӣ, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» таъкид карда шуд.

Аз ҷумла, 8 июл муовини Сарвазири ҶТ Усмоналӣ Усмонзода бо Президенти EBRD хонум Одил-Рено Бассо, ноиби президенти ин бонк Марк Боуман ва бо директорони EBRD оид ба инфрасохтори кишварҳои Авруосиё Екатерина Мирошник ва оид ба идораи амалиёт Наталя Ханженкова мулоқот намуд.


Усмоналӣ Усмонзода ҳамчунин бо муовини Сарвазир — Вазири молияи Қазоқистон Элуран Жамаубоев ва муовини Сарвазири Қирғизистон Одилбек Қосималиев мулоқот анҷом дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷаласаи навбатии 32-юми солонаи Шӯрои мудирони EBRD дар соли 2023 дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор мешавад.

АКС: Сафорати ҶТ дар Британияи Кабир / АМИТ «Ховар»

Июль 12, 2022 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Швейтсария омодагӣ ба Конфронси ҷонибҳои аҳдкунандаи Конвенсияи Женеваро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон барои беҳтарин манзараҳои табиат дар Осиё дар Top Asia Corporate Ball 2024 соҳиби ҷоизаи бонуфуз гардид
Тоҷикистон ва Хорватия ҳамкориро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ матраҳ намуданд
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва умури Аврупоии Ҷумҳурии Хорватия мулоқот намуд
Дар Сеул имконияти сайёҳии Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ДИЛБАНДИ БА ҶОН ПАЙВАНДИ МО. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт манзур мегардад
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири барномарезӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории байналмилалии Миср мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Риёз дар Саммити об иштирок намуданд
Тоҷикистон барои мусоидат ба фаъолияти минбаъдаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ омода аст
Тоҷикистон ва Эрон робитаҳоро дар соҳаҳои гуногун тавсеа мебахшанд
Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват гардиданд
«ҶАШНИ МЕҲРГОН» ВА «САНЪАТИ СОХТУ НАВОХТАНИ РУБОБ». Тоҷикистон ин номинатсияҳои муштаракро ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият пешниҳод намуд