Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 13 июли соли 2022 №332
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи ректори
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
озод намудани Қурбонзода М.Р.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 13 июли соли 2022 №333
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон озод намудани Шарифзода Б.Б.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шарифзода Боймурод Бобопур бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 13 июли соли 2022 №334
ш. Душанбе
Дар бораи ректори Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон
таъин намудани Назарзода Х.Х.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назарзода Хайрулло Холназар ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 13 июли соли 2022 №335
ш. Душанбе
Дар бораи директори Муассисаи давлатии
таълимии «Мактаби Президентӣ барои
хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд»
таъин намудани Рустамзода З.Т.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Рустамзода Замира Темурмалик директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 13 июли соли 2022 №336
ш. Душанбе
Дар бораи директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон таъин намудани Шарифзода Ф.Х.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шарифзода Фарангис Худоӣ директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон








Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






