Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои намунаи соли 2022-ро ба муомилот баровард
ДУШАНБЕ,04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ, дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои «сомонӣ» бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва «дирам» бо арзиши номиналии 50 дирам, барориши соли 2022 аз 1 июли соли 2022 ба муомилот бароварда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Тангаҳои «сомонӣ» бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва «дирам» бо арзиши номиналии 50 дирам, барориши соли 2022 дар қатори тангаҳои гардишии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.
Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ уҳдадор гардид, ки барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2022 бо арзиши номиналӣ мутобиқи банди 1 қарори мазкур, тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои заруриро андешад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






