Дар Агентии «Тоҷикстандарт» ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии хӯрокворӣ доир шуд

Июль 30, 2022 11:13

ДУШАНБЕ, 30.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии хӯрокворӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии мазкур. 

Ҷаласаро Раиси Шӯро-муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода оғоз намуда, сипас барои натиҷагирӣ аз фаъолияти Шӯро дар шашмоҳаи аввали соли 2022 гузориши таҳлилии муовини Раиси Шӯро-муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Ситора Шерзода шунида шуд.

Зимни баррасии гузориш ва масъалаҳои рӯзнома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода аз фаъолияти мақомоти аъзои Шӯро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки “тибқи таҳлилҳо, дар самти ҷалб намудани грантҳо (донорҳо) ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ (таъсиси озмоишгоҳҳо ва васеъ намудани усулҳои ташхис, омӯзиши мутахассисони соҳа) корҳо бояд вусъат дода шаванд ва лоиҳаҳои пешниҳодшуда дар доираи нақшаи кори Шӯро пайгирӣ карда шаванд”.

Зимни гузориши Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоии ба саломатӣ хатарнок, пешгирии истеҳсоли маҳсулоти пастсифат дар ҷумҳурӣ ва истифодаи иловагиҳо дар маҳсулот аз ҷониби Раиси шӯро масъалагузорӣ карда шуд.

Дар робита ба ин Раиси Шӯро аъзоро ба масъулиятнокӣ, мунтазам ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон ва вусъат додани ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалию шарикони рушд ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани сармоягузорӣ ва таъмини мақомот бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ даъват намуд.

Сипас, масъулин оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ ва дар ин замина пешгирии воридоти маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок, ҳолатҳои сироятёбии аҳолӣ аз истеъмоли маҳсулоти дар шароити хона тайёргардида ва дар ин робита тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ тариқи ВАО, назорати истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, таҳия ва таҷдиди санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, омӯзиш, таъмини корхонаҳо бо регламентҳои техникӣ, мустаҳкам намудани ҳамкории мақомоти назоратӣ дар ин соҳа, такмил додани озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ чун яке аз омилҳои асосии пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ба бозори истеъмолӣ ибрози андеша намуданд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки баъзе соҳибкорон аз эълон шудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳо истифода бурда, ба сифати маҳсулоти хӯрокворӣ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Дар ин раванд зарур аст, ки ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма тақвият дода шуда, тариқи гузаронидани машваратҳо (ҳам бо истеҳсолкунандагону воридкунандагон ва ҳам истеъмолкунандагон) корҳои фаҳмондаҳӣ вусъат дода шаванд.

Дар идомаи ҷаласа гузориши намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муовини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои вобаста ба бехатарии биологӣ дар соҳаи ба танзим даровардани муомилоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта шунида шуд.

Дар ҷаласа инчунин нақшаи кори Шӯро оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои шашмоҳаи дуюми соли 2022 мавриди муҳокимаи аъзо қарор гирифт.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Июль 30, 2022 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Қазон ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд