Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон беш аз 20 ихтисоси нав таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2022/АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба эҳтиёҷи иқтисоди миллӣ ва талаботи кунунии бозори меҳнат дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз рӯи беш аз 20 ихтисоси нав иҷозатнома гирифта шуд. Дар ин бора ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ихтисосҳои нав «омӯзгорӣ», «саноат», «иқтисодиёти рақамӣ», «зеҳни сунъӣ», «низоми зеҳнии геоиттилоотӣ», «технологияи зеҳнии компютерии реинжиниринг ва бизнес равандҳо», «маркетинг дар тиҷорати электронӣ», «кибернетикаи иқтисодӣ», «хадамоти консулӣ», «ҳуқуқи байналмилалӣ», «полиси сайёҳӣ», «тибби сайёҳӣ», «сайёҳии осоишгоҳии табобатӣ»- дар маҷмӯъ беш аз 20 адад мебошанд.
Убайдулло Асрорзода афзуд, ки ихтисосҳои нав дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат иброз намуда буданд, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар бозори меҳнату иқтисоди миллӣ ва дар маҷмӯъ, дастгирии ҳамешагии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаанд.
Аз 22 ихтисоси навҷорӣ 8-тоаш марбут ба сайёҳист, ки яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар иқтисоди миллӣ мебошад. Дар маҷмӯъ шумораи ихтисосҳои амалкунанда дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба 77 адад расонида шуд.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон инчунин гуфт, ки «дар ин давра шумораи ихтисосҳои амалкунандаи филиалҳои донишгоҳ дар шаҳрҳои Леваканд ва Хуҷанд зиёд гардид. Ҳадафи ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав дар ин филиалҳо ба инобат гирифтани талаботи рӯзафзуни бозори меҳнати минтақаҳои мамлакат, бахусус Суғду Хатлон ва фароҳам овардани шароит барои фаро гирифтани довталабон ба таҳсил дар макони истиқомат мебошад».
Бо дахли дастовардҳои донишгоҳ дар соли таҳсили 2021-2022 Убайдулло Асрорзода иброз намуд, ки «дар соли таҳсил донишгоҳ дар партави сиёсати маорифпарварона ва дастгириҳои Пешвои миллат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, аз ҷумла мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани донишгоҳ бозгӯи ин гуфтаҳост».
Маҳз бо ифтитоҳи биноҳои замонавӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ ва густариши корҳо дар самтҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ баланд гардид. Инчунин дар ин давра бо ташаббуси раёсати донишгоҳ бо мақсади тақвияти забондонии омӯзгорон ва донишҷӯён курсҳои кӯтоҳмуддти ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ ташкил гардида, дар онҳо 120 омӯзгор ва қариб 300 нафар донишҷӯ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






