Дар Душанбе масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории илмию таҳқиқотӣ миёни марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории илмию таҳқиқотӣ миёни марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Ҷопон, баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ ба муносибати сиюмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон 21 июл дар мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики баррасӣ шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ.
Дар мулоқот Хайриддин Усмонзода доир ба самтҳои асосии фаъолияти марказ маълумоти мухтасар ироа намуда, иброз дошт, ки «пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо аз авлавияти асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад».
Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ миёни марказҳои зеҳнӣ баргузор намудани машварату мизҳои гирд ва конфронсҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун ҳамчун таҷрибаи амалӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тосихиро Аики аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки «ҷониби Ҷопон омода аст ҳамкории мутақобилан судмандро ҷиҳати рушди робитаҳои илмию пажӯҳишӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад».
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






