Дар факултаҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон гӯшаи «Асарҳои Пешвои миллат» таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 31.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири ташвиқу тарғиби ҷавонону донишҷӯён ба омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон тасмим гирифтааст, ки дар якчанд факултаҳои донишгоҳ гӯшаи «Асарҳои Пешвои миллат»-ро таъсис диҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти донишгоҳ Ҳабибулло Сатторов хабар дод.
Зикр шуд, ки ҳоло гӯшаи «Асарҳои Пешвои миллат» дар саҳни садорати факултаҳои математика, таърих, филологияи тоҷик ва педагогика таъсис дода шудааст. Гӯшаи «Асарҳои Пешвои миллат» дар факултаҳои дигар низ давоми соли нави таҳсил таъсис дода мешавад. Мақсад аз таъсиси гӯшаҳои мазкур- ин муаррифии бештари асарҳои Пешвои миллат миёни донишҷӯёну толибилмон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки асарҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси маъхазҳои таърихӣ навишта шуда, аз пайдоишу ташаккули миллати тоҷик, забони тоҷикӣ ва фаъолияти фарзандони баруманди халқи тоҷик, ки дар давраҳои гуногун илмҳои ҷаҳониро ривоҷу равнақ бахшидаанд, нақл мекунанд.
Дар ин поя метавон аз асарҳои пурарзиши Президенти мамлакат — «Тоҷикон дар оинаи таърих». Аз ориён то Сомониён», «Тоҷикистон дар оинаи фардо», «Фарҳанг — ҳастии миллат», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Зиёиён равшангарони роҳи фардои миллатанд», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ: Андешаҳо дар остонаи ҷашни Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Дар бораи дин», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам», «Дин ва ҷомеа», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои истиқлол» ва чандин асару мақолаҳои дигар ёдовар шуд.
АКС: бойгонии АМИТ «Ховар»








Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






