Дар Хоруғ доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 июл бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Тавре дар Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конференсия намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, донишмандону таҳлилгарон, шоирону адибон, бонувони фаъоли ҷомеа, ҷавонон, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки «ҷамъомади имрӯза идомаи мантиқии ташаббусҳои ваҳдатофаринӣ ва ваҳдатгароии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дунявӣ буда, барои пешбурди чунин аҳдофи бузурги инсониву имониву виҷдониву милливу меҳанӣ ба роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон комёбиҳо таманно менамоем, зеро маҳз бо ташаббуси бунёдгузори ин Ҳаракат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо аз банди ҳодисоти сангини таърихи муосир раҳоӣ ёфта, имрӯз ба давлати воҳид табдил гардидааст».
Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода баён дошт, ки «баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ миллати тоҷик ба истиқлолияти комил даст ёфта, бо ташаббус ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати миллии худро бунёд сохт ва онро ба ҷомеаи мутамаддин муаррифӣ кард, ки чунин дастоварди азизу муқаддас моро узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ сохт».
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки «Бадахшон бо кӯҳҳои баланду мардумони нозанинаш нигини дурахшони тамаддуни тоҷикон дар арсаи ҷаҳон аст ва халқи асилу фарҳангпарвари он дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамеша дар канори Пешвои миллат рост истода, дар пешрафти ҷомеа ва шукуфоии Ватанамон саҳми арзанда гузоштаанд. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат ҳамеша аз нақши фаъолу созандаи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба некӣ ёд мекунанд, зеро ин шарафи бузург ва мояи ифтихор аст».


Дар бахши дуввуми конференсия ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ», ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Амид Комилбек дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон — поягузори сулҳу ваҳдати тоҷикон», намояндаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ВМКБ Ҳоким Қаландариён дар мавзӯи «Вафодорӣ ба Пешво- унсуре аз ҳувияти тоҷикӣ», роҳбари бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагон, шоир Лаълҷубаи Мирзоҳасан дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар рушди адабиёти муосир» маърӯза намуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






