Дар ноҳияи Ашт минтақаи саноатии муштараки Тоҷикистону Узбекистон бунёд мешавад

Июль 29, 2022 11:09

ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Узбекистон иборат аз 10 нафар бо роҳбарии сардори ширкати «Баҳодур Лағон текстил» Зиёқиддин Ёрматов  ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ноҳияи Ашт боздид намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия.

 Ҳадафи сафари гурӯҳ ба гардиши кишоварзӣ даровардани 20 ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаи ноҳия ва ташкили боғҳои интенсивӣ мебошад. Ҳамзамон дар ҳаҷми 30 гектар бунёди минтақаи саноатӣ дар назар дошта шудааст, ки аз ҳисоби заминҳои даштӣ миёни Ашт ва ноҳияи Б.Ғафуров (дашти Сомғор) пешбинӣ гардидааст.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба аъзои гурӯҳи корӣ оид ба вазъи заминҳо ва обёрии он маълумот дод. Пас аз боздид мутахассисони соҳа иброз доштанд, ки дар чунин заминҳо боғҳои интенсивӣ бунёд карда, метавон ҳосили дилхоҳ ба даст овард.

Баъдан Раиси ноҳия бо пешниҳоди харитаи заминҳо ба меҳмонон мавзеи мусоидро ҷиҳати корбарӣ пешниҳод намуд. 

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

Июль 29, 2022 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд