Дар шаҳри Хоруғ фаъолияти 7 корхонаи хурд мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 12.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ фаъолияти 7 корхонаи хурд ва мушкилиҳои ҷойдошта дар кори онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри мазкур.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои зикршуда Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода зикр кард, ки дар марҳилаи нави рушди минтақа тававҷҷуҳ ба фаъоляити пурсамари коргоҳу корхонаҳо басо муҳим мебошад.
— Нахуст самаранок фаъолият доштани коргоҳу корхонаҳо баҳри таъмини ҳадафи чоруми муҳими Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон -саноаткунонии кишвар мусоидат намуда, баъдан баҳри ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони шаҳри Хоруғ ба ҳадаф мувофиқ мебошад, — гуфт ў.
Мавриди зикр аст, ки корхонаи ҶДДМ «Фарзона», ки ба истеҳсоли равғани ангат машғул аст, имрӯз дар бозори истеҳсолӣ мавқеи хешро дарёфт намудааст. Маҳсулоти коргоҳ бозоргир буда, кормандон фаъолияти мавсимӣ доранд. Раиси шаҳр баҳри боз ҳам рақобатпазир намудани маҳсулот ба масъулини ин корхона ҷиҳати андешидани тадбирҳои судманд супориш дод.
Ҳамчунин ҶДММ «Помирстоун» ки ба коркарди тахтасанг ва сангҳо барои сохтмон машғул аст, имрӯз яке аз коргоҳҳои комёбу дорои маҳсулоти рақобатпазир дар шаҳри Хоруғ мебошад. Кормандони он ба Раиси шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд, ки корхона дорои таҷҳизоти мусоири коркарди тахтасанг буда, кӯшиш бар он доранд, ки бо маҳсулоти босифат натанҳо харидоронро аз шаҳри Хоруғ, балки аз тамоми навоҳии вилоят ҷалб намоянд.
Боиси зикр аст, ки маҳсулоти ин коргоҳ айни замон дар бештари сохтмонҳои ҳудуди шаҳр ва ороиши девору роҳравҳои ҳудуди маркази вилоят васеъ истифода бурда мешавад, ки ин шаҳодат аз ҷойгузинии мавқеи муайяни ин коргоҳ дар бозори истеҳсолӣ мебошад.
Ҳамзамон кооперативи истеҳсолии «Зиндагӣ», ки тайи чанд сол дар шаҳри Хоруғ фаъолияти босамар дорад, дар бозори истеъмолӣ мавқеи хосса пайдо намудааст. Ин кооператив дару тирезаи хушсифати чӯбинро бо ҷалби беҳтарин мутахассисони дорои касбияти баланд омода месозад. Кормандон зикр намуданд, ки дар баробари коркарди чӯб, инчунин гармкунакҳои гуногуни муосирро тибқи шароиту талаботи ҳар як хоҷагӣ истеҳсол менамояд ва он низ фармоишгарони зиёд дорад.
Инчунин Раиси шаҳри Хоруғ аз ҶДММ «Устойён» ва корхонаи дигари навтаъсисе, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ниёзбек Ақсақолов такшил ёфтааст, дидан намуд. Дар ин ду коргоҳ коргарон ба истеҳсоли таҷҳизот, дару тиреза ва дигари ашёи рӯзгор машғул мебошанд. Корхонаи навтаъсис дорои таҷҳизоти муосири коркарди чӯб буда, дар он нусхакашӣ ва лоиҳакашӣ тибқи барномаи ҷадиди компютерӣ ба роҳ монда шудааст, ки боиси сифати хуби маҳсулоти истеҳсолшуда мебошад.
Мавриди зикр аст, ки омӯзиши мушкилиҳои ҷойдоштаи коргоҳу корхонаҳои ҳудуди шаҳри Хоруғ ва дастгирву ҷонибдории онҳо аз тарафи Раиси шаҳр баҳри амалӣ гардидани ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо рушди истеҳсолоту таъсии корогоҳу корхонаҳо, вусъати истеҳсолоти худӣ, коркади маҳсулоти маҳаллӣ боиси баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум хоҳад гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд






