Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар Тоҷикистон беш аз 27% зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 3,7 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 790,3 миллион доллар ё 27,1 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрўз зимни нишасти матбуотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
«Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ беш аз 2,3 миллиард доллар ба воридот ва зиёда аз 1,3 миллиард доллар ба содирот рост меояд. Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 101 давлати ҷаҳон амалиёти содиротию воридотӣ анҷом додааст. Аз ҷумла, соли равон Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ба маблағи беш аз 326 миллион доллар маъданҳо ва консентратҳо, 55,5 миллион доллар сурма, 127,4 миллион доллар нахи пахта, зиёда аз 31 миллион доллар нерӯи барқ, 28 миллион доллар ресмони пахтагӣ, зиёда аз 26 миллион доллар маҳсулоти меваю сабзавот, 20,8 миллион доллар семент ва 2 миллион доллар чарм содирот намудааст»,- гуфт Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода.
Ӯ илова кард, ки гардиши мол бо давлатҳои хориҷи наздик 1 миллиарду 751,4 миллион долларро ташкил дод, ки он баробари 47,2 фоиз аз гардиши тиҷорати хориҷии мамлакат мебошад. Содирот 388,9 миллион доллар ва воридот беш аз 1,3 миллиард долларро ташкил дод.
Гуфта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гардиши мол бо давлатҳои хориҷии наздик ба маблағи 386,7 миллион доллар ё зиёда аз 28 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, содирот 148,8 миллион доллар ё 62 фоиз, воридот бошад 237,9 миллион доллар ё зиёда аз 21 фоиз афзоиш ёфтааст.
Хуршед Каримзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳаҷми асосии содироти мол бо давлатҳои Қазоқистон 17,6 фоиз, Чин 16 фоиз, Туркия 8,2 фоиз, Узбекистон 6,9 фоиз, Эрон 4,4 фоиз, Белгия 4 фоиз, Русия 3,2 фоиз, Афғонистон 2,8 фоиз ва Италия 0,6 фоизро ташкил медиҳад.
«Дар ин давра нисбат ба соли гузашта содироти мол ба Туркия 3,4 миллион доллар коҳиш ёфта, ба Чин ба маблағи 175,1 миллион доллар, Қазоқистон 83,4 миллион доллар, Эрон 55,9 миллион доллар ва Узбекистон 50,7 миллион доллар зиёд гардидааст», — тазаккур дод Сардори Хадамоти гумрук.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






