Дар Тоҷикистон то 1 июл теъдоди умумии нафақагирон беш аз 761 ҳазор нафарро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли равон теъдоди умумии нафақагирон 761 ҳазору 312 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазору 527 нафар ё 2,2 фоиз зиёд мебошад. Ин нуктаро директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.
Дилмурод Давлатзода иброз дошт, ки «ҳоло андози нафақаи миёна 320,09 сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 сомонӣ зиёд гардидааст. Нишондиҳандаи мазкур дар шаҳри Душанбе 429,15 сомонӣ, ВМКБ 406,93 сомонӣ, Хатлон 313,19 сомонӣ, Суғд 303,21 сомонӣ ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 299,57 сомониро ташкил медиҳад».
«Аз шумораи умумии нафақагирон 159 ҳазору 679 нафарро нафақагирони маъюб ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди онҳо ба 2273 нафар ё ин ки 1,4 фоиз зиёд гардидааст»,-гуфт ӯ.
Ба гуфти директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода, дар Тоҷикистон нафақагирони калонсолтарини аз синни 100 боло низ ҳастанд, ки бештари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Дар ҷараён нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар мамлакат маъюбони гурӯҳи якум 17 165 нафар, гурӯҳи дуюм 76 796 нафар ва гурӯҳи сеюм 33 275 нафарро ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18 сола 32 447 нафарро ташкил дода, ба ҳисоби миёна нафақаи онҳо ба 307,98 сомонӣ баробар аст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли соли равон андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятим ва ноболиғон, ки бинобар маҳрум шудан аз саробон ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақа таъйин ва пардохт мегардад, ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд гардид.
Мутобиқи фармони мазкур, зиёда аз 90 ҳазор кӯдакони ноболиғ, яъне то 18-сола ба он фаро гирифта мешаванд. Нафақаи категорияи мазкур тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ба андозаи 51 сомониву 75 дирам зиёд карда мешавад. Дар маҷмӯъ, барои афзоиши навбатии нафақаи ятимон дар буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 50 млн сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шудааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






