Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири молияи Конфедератсияи Швейтсария мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 05.07.2022 / АМИТ «Ховар»/. 4 июл дар шаҳри Бад-Рагаз Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири молияи Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон дар доираи мулоқот маросими баимзорасонии Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария «Оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя» сурат гирифт.
Санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Конфедератсияи Швейтсария Вазири молия Ули Маурер ба имзо расониданд.
АКС: Вазорати молияи ҶТ









Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






