Хоҷагии ангурпарварии «Боғи Сомон»-и Турсунзода содироти ангурро ба Русия оғоз намуд

Июль 17, 2022 12:21

ТУРСУНЗОДА, 17.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии ангурпарварии «Боғи Сомон»-и Турсунзода дар мавсими нави ҳосилғундорӣ қарор дошта, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат саҳми арзанда мегузорад. Ҳамчунин дар рӯзҳои ҷамъоварии ҳосил содироти ангурро ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Русия оғоз намуд.

Тибқи иттилои раиси хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон» Маҳмадамин Камолов, ҳоло дар хоҷагӣ зиёда аз 10 навъи ангур, аз ҷумла «ҳусайнии сиёҳ ва сафед», «ғалаба», «шоҳона», «пешпазак», «кишмиши сиёҳу сафед» ва «Президент», ки асосан навъҳои маҳаллии серҳосил мебошанд, парвариш карда мешаванд. Айни замон ангури навъи «шоҳона» пухта расидааст, ки аъзоёни хоҷагӣ ба ҷамъоварии ҳосили он машғуланд.

«Боғи Сомон» аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, саҳмдорони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва ангурпарварӣ доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июль 17, 2022 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид