Истироҳатгоҳи «Коргарҷавонон»-и дараи Ромит дар басти дуюм 300 нафар наврасонро фаро гирифт
ДУШАНБЕ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз истироҳатгоҳи «Коргарҷавонон», воқеъ дар дараи Ромит 300 нафар наврасонро аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон дар басти дуюм ба истироҳат фаро гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар басти дуюми истироҳат Федератсияи иттифоқҳои касаба дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо намояндагӣ аз ҳамаи 8 шаҳру ноҳияи вилоят 100 нафар наврасонро сафарбар намуд.
Дар маросими кушодашавии он Раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба Маликшо Неъматзода ва муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода иштирок намуданд.
Зикр карда шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон ва наврасон аз авлавиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки бо ҳам овардани наврасони минтақаҳои гуногун дар баробари истироҳату фароғат, барои мустаҳакам гардидани дӯстии байни онҳо созгор хоҳад буд.
Дар истироҳатгоҳи «Коргарҷавонон» барои мактаббачагон тамоми шароити зарурӣ барои истироҳату фароғат муҳайё карда шудааст. Дар басти якум низ дар ин истироҳатгоҳ 300 нафар наврасон фаро гирифта шуда буданд.
Акс: ФИКМТ








Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»






