Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва «Бонки Эсхата» ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурд дар Тоҷикистон ба ҳамкорӣ оғоз намуданд

Июль 30, 2022 12:18

ДУШАНБЕ, 30.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» барои кумак ба соҳибкорони хурд ҷиҳати барқарорсозии фаъолияташон пас аз зарари пандемияи COVID-19 ба  иқтисодиёт ва мутобиқ шудан ба муҳити пасазбуҳронӣ ба ҳамкорӣ оғоз намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ҶСК «Бонки Эсхата». 

IFC ба бонки мазкур муодили 10 миллион доллари амрикоӣ бо сомонӣ маблағ ҷудо намуда, ба ин восита барои маблағгузории шумораи бештари соҳибкорони микро, хурд ва миёна имконият фароҳам меорад.

Раиси Раёсати бонк Райнер Мюллер-Ханке зикр намуд, ки «Бонки Эсхата» таърихан ба пешниҳоди хизматрасониҳои баландсифат ба мизоҷон аз ҳисоби соҳибкорони микро, хурд ва миёна, ки ба хизматрасониҳо дастрасии пурра надоранд, эътибори хосса медиҳад. Бо истифода аз ин маблағгузорӣ бо асъори миллӣ бонк метавонад дастрасии муштариёни мавриди ҳадафашро ба маблағгузории дастрас бо пули тоҷикӣ, ки дар бозор камёб аст, беҳтар намояд. Ин иқдом ба онҳо ҷиҳати аз таъсири буҳрони COVID-19 раҳо шудан ва рушди минбаъда, ҳамзамон бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва гузоштани саҳм дар рушди соҳибкорӣ дар кишвар имконият фароҳам меорад».

Менеҷери минтақавии IFC дар Осиёи Марказӣ Кассандра Колберт тазаккур дод, ки дастрасии нокифоя ба маблағгузорӣ имконоти соҳибкорони микро, хурд ва миёнаро барои рушди соҳибкорӣ маҳдуд мекунад. Лоиҳаи мазкур бо стратегияи васеи IFC дар Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳибкорони хурд вобаста ба маблағгузорӣ мувофиқат мекунад.

«Мо боварӣ дорем, ки ин маблағгузорӣ ба муштариёни «Бонки Эсхата» барои суръат бахшидан ба рушди соҳибкорӣ ва дастгирии талошҳои онҳо барои густариши фаъолият дар давраи барқароршавӣ баъд аз пандемияи COVID-19 мусоидат хоҳад кард»,-гуфт ӯ.

Ба зикри Кассандра Колберт, ҳамкорӣ бо «Бонки Эсхата» дар доираи Барномаи IFC «Пойгоҳи пирамида» ба роҳ монда шудааст. Он соли 2020 ифтитоҳ гардида, ба пешниҳодкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар пешниҳоди маблағ ба соҳибкорони хурд, соҳибкорони ғайрирасмӣ ва хонаводаҳои камдаромад, ки аз таназзули иқтисодӣ дар натиҷаи пандемияи COVID-19 осеб дидаанд, кумак мекунад.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои IFC бо «Бонки Эсхата» аз соли 2005 оғоз ёфтаанд. Корпоратсия узви гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ буда,  бузургтарин муассисаи ҷаҳонии рушд аст, ки ба тараққиёти бахши хусусӣ дар бозорҳои ташаккулёфтаистода нигаронида шуда, дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад.

АКС: ҶСК «Бонки Эсхата»

Июль 30, 2022 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд