Масъалаи иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025» баррасӣ шуд

Июль 7, 2022 10:46

ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025» ҳамагӣ 225 лоиҳа ба маблағи 7 миллиарду 12,0 миллион сомониро дар бар мегирад. Татбиқи афзалиятҳои Барномаи мазкур аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ пешбинӣ мегардад. Сарчашмаҳои асосии маблағгузорӣ буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, маҳаллӣ, сармояи хориҷӣ, маблағҳои бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор мебошанд. Ҳамзамон дар назар аст, ки тавассути шарикони рушд маблағҳои грантӣ зиёдтар ҷалб карда мешавад.

Дар ин хусус зимни муҳокимаи ҷамъиятӣ дар мавзӯи «Натиҷагирӣ аз татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025», ки 4 июли соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар муҳокимаи мазкур Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраб Файзулло ва Мунаввар Абдусаломзода, сармутахассиси Раёсати рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикисто Шоҳин Бобошозода, мушовири маҳаллии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокир Раҳмонов ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Дар ҷаласа Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода гуфт, ки «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025» тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси банди 35-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб 7-8 ноябри соли 2018 баён гардиданд, таҳия гардида, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 тасдиқ шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастраси вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳои шаҳри ҷамоатҳои деҳоти шаҳр ва як қатор ташкилотҳои байналмлалӣ гардонида шудааст.

Дар идома аз ҷониби масъулин ҷиҳати натиҷаҳои иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025» маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Гуфта шуд, ки «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 самтҳои афзалиятнок ва сиёсати рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро барои давраи дарозмуҳлат муайян менамояд ва барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ, рифоҳӣ, инфрасохтори замонавӣ, шароити шоистаи зиндагии аз лиҳози экологӣ мутобиқ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва инчунин, зиёд шудани табақаи миёнаи аҳолии шаҳр заминаи босазо хоҳад гузошт.

АКС: Бахши матбуоти МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Июль 7, 2022 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд