Миёни ташкилотҳои «Созандагони Ватан»-и Тоҷикистон ва «Молодая Гвардия»-и Русия созишнома ба имзо расид

Июль 7, 2022 17:06

ДУШАНБЕ, 07.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии ҷавонон «Манжерок», ки дар Ҷумҳурии Олтойи Федератсияи Русия ҷараён дорад, имрӯз Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Молодая Гвардия» имзо гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлили КИМ ҲХДТ.

Созишномаро раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Оятулло Аҳмадзода ва роҳбари «Молодая Гвардия» Антон Демидов дар вазъияти тантанавӣ имзо намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ташкилоти ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон -«Созандагони Ватан» соли 2011 бо ташаббуси бевоситаи Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст.

ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.

Дар шароити муосир ҳизб фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавононро густариш дода, баҳри дарёфти роҳҳои муассир ва намунавии онҳо чораҷӯӣ мекунад, зеро дар шароити мустақилияти комили давлатӣ, бунёди ҷомеаи воқеан ҳам ҳуқуқбунёд ва равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ ин масъалаҳо мақоми афзалиятнокро ба худ касб менамоянд. Ин масъалаҳо низ дар меҳвари барномаи ҳизб қарор дорад.


ҲХДТ “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон-ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад.

Заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ташаккули фарҳанги сиёсӣ, маърифати хуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва густариши худшиносии миллии ҷавонон якҷо бо мақомоти ваколатдори соҳа — Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тақвият дода мешаванд.

Аснои имзои созишномаи ҳамкорӣ ҷонибҳо бо иштироки доираи васеъ оид ба масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои ҳизбӣ дар самти кор бо ҷавонон табодули афкор намуданд.

ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» кӯшиш менамоянд, ки минбаъд низ ҷавононро ҳамчун нерӯи воқеии роҳбарикунанда муаррифӣ карда, саҳми назарраси онҳоро дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин намояд.

АКС: маркази матбуот ва таҳлили КИМ ҲХДТ

Июль 7, 2022 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст