Муносибатҳои иқтисодӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон таҳким меёбанд
ДУШАНБЕ, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкор аз Ҷумҳурии Узбекистон Муъминҷон Юлдошев мулоқот намуда, таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ миёни доираҳои соҳибкории ҳарду тарафро мусбат арзёбӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо тақвияти равобитро самараи сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба имконоти вилояти Суғд ва фазои мусоиди сармоягузорӣ маълумот дода, изҳор дошт, ки то имрӯз соҳибкорони тоҷику узбек якчанд лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намудаанд.
«Сармоягузорони кишвари ҳамсоя метавонанд барои азхудкунии заминҳои бекорхобида, ташкили корхонаҳои коркарди пахта, меваву сабзавот ва ба роҳ мондани истеҳсоли либос бо соҳибкорони тоҷик ҳамкории самаранок ба роҳ монанд», — иброз намуд Раиси вилоят.
Муъминҷон Юлдошев омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баён дошт.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад






