Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 09.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманнро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, шарокат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташаббуси «Осиёи Марказии Сабз» ва таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Олмонро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 28 феврали соли 1992 Олмон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, соли 1993 намояндагии дипломатии худро дар Душанбе ифтитоҳ кард ва аввалин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо гардид, ки дар кишвар сафоратхона дошт. Нахустин Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Бонни Олмон ифтитоҳ шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, 14 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон муҳтарам Франк-Валтер Штайнмайер барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон самимона табрик ва таҳният мегӯям.
Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои байнидавлатии кишварҳоямон то имрӯз ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои нави созанда пайдо кардаанд.
Таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунарсаи судманд бо Олмон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад ва мо ба рушди пайвастаи онҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.
Бо истифода аз фурсат изҳори умед менамоям, ки ба роҳ мондани мулоқоту тамосҳои сатҳи олии ду ҷониб ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани равобити неки кишварҳоямон мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.
Ҷониби Тоҷикистон барои тақвияти ҳарчӣ бештари ин муносибатҳо саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комилу дар масири иҷрои вазифаҳои пурмасъулият пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Олмон – сулҳу амонӣ ва пешрафту саодат орзумандам».
Ёдовар мешавем, ки мулоқотҳои сатҳи олӣ ба ҳамкории васеи Тоҷикистон ва Олмон замина гузоштанд. Солҳои 2003 ва 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон боздид намуданд, ки ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат кард.
Зимни сафарҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти вақти ҶФО Кристиан Вулф ва Канслери вақти ҶФО Ангела Меркел мулоқот анҷом доданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон мунтазам машваратҳои сиёсӣ ва гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории молиявию техникӣ, ки ба сифати механизми тақвият ва рушди муносибатҳо мусоидат мекунанд, баргузор менамоянд.
Айни ҳол робитаҳои байнипарлумонии ҳарду кишвар бомаром инкишоф меёбанд.
То ба имрӯз миёни Тоҷикистон ва Олмон 40 санади дуҷониба ба имзо расидааст. Аз ин теъдод 30 санад созишномаҳои байниҳукуматӣ, 9 созишномаи байниидоравӣ ва 1 изҳороти муштарак мебошанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов мебошад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн мебошад.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






