ҚОИДАҲОИ истифодабарии маводҳои захираҳои электронии АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2022 10:32

ДУШАНБЕ, 30.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, махсусан дар даҳсолаи охир, тамоми соҳаҳои ҳаёти муосири инсонро фаро гирифтааст. Имрӯз бозори иттилоот баҳри нопайдоканореро мемонад, ки инсонҳо чун ғаввос дар он шино меекунанд. Аммо чӣ тавр бояд аз ин баҳр дурдонаҳои мақсуд ба даст овард ва солиму безарар берун омад?       

Ба итминони мо, ҳар гуна хабару маълумот, ки ба дурустии худ даъво мекунанд, бояд дорои пайвандҳо ба манбаъҳои муътамад бошанд, дар акси ҳол ба онҳо бовар кардан нашояд.

Истинод ба сарчашма на танҳо нишондиҳандаи касбияти журналист ё ВАО, балки воситаи муҳим барои тафтиши далелҳо маҳсуб меёбад.

Бо назардошти ин АМИТ «Ховар» Қоидаҳои истифодабарии маводҳои захираҳои электронии худро таҳия намуд.  

Бо ин қоидаҳо шинос шавед ва онҳоро риоя намоед, то ки ба нақзи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ надиҳед.

ҚОИДАҲОИ
истифодабарии маводи захираҳои
электронии АМИТ «Ховар»

1. ИСТИЛОҲОТ

АМИТ «Ховар» — Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин ва маъруфтарин агентии иттилоотии мамлакат (суроға: 734018. ш. Душанбе,  х. Саъдии Шерозӣ, 16 тел.: +992 (37) 2385217, факс: +992 (37) 2232383).

Қоидаҳо – Қоидаҳои Мазкури Истифодаи Захираҳои электронии АМИТ «Ховар».

Захираҳои электронӣ – сомонаи расмӣ (веб-сомона)-и АМИТ «Ховар» дар шабакаи Интернет khovar.tj, бо шумули   замимаҳои онҳо барои дастгоҳҳои мобилӣ ва мултимедиявӣ, инчунин саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Мавод – дилхоҳ хабар, иттилоъ, маълумоти дар Захираҳои электронии АМИТ «Ховар» ҷойгирнамуда, чӣ дар маҷмӯъ ва чӣ дар алоҳидагӣ, новобаста аз шакли пешниҳод ва  муносибат ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, бо фарогирӣ (бе маҳдудият): маводи матнӣ,  асарҳои расмӣ, асарҳои аудиовизуалӣ, асарҳои мусиқӣ (бо матн ва ё бе матн), асарҳои наққошӣ, графика, дизайн (бо шумули тасвирҳо, инчунин унсурҳои   дизайн (зебоисозӣ)-и Захираҳои электронии АМИТ «Ховар», ҳамчунин маводи дигари муаллифӣ/эксклюзивӣ, ба истиснои объектҳое, ки ба сифати соҳибҳуқуқон/муаллифон ва (ё) сарчашмаи иқтибоси онҳо шахсони дигар нишон дода шудаанд.

Истифода – дилхоҳ азнавтаҷдидкунӣ, паҳнкунӣ, расонидан ба манзури омма, барнома дар мавҷ, огоҳӣ ба воситаи ноқил, воридот, ба кироя гирифтан, иҷрои оммавӣ, интиқол ва коркарди дигари Маводи Захираҳои электронии  АМИТ «Ховар», инчунин навъҳои дигари истифодае, ки қонунгузории амалкунанда ҳангоми чунин истифода пешбинӣ намудааст, новобаста аз он ки амалҳои марбута бо мақсади гирифтани даромад ё бе ин гуна мақсад анҷом дода мешаванд ва ё истифодаи Мавод дар ҳаҷми пурра ё қисман амалӣ мегардад.

Истифодабаранда – дилхоҳ нафаре, ки аз Захираҳои электронии АМИТ «Ховар» дидан мекунад ва/ё Истифодакунандаи Маводи он аст, бо шумули (бе маҳдудияти): шабакаҳои телевизионӣ-радиоӣ, дигар воситаҳои ахбори омма, агентиҳои иттилоотӣ, муштариёни маводи иттилоотӣ ва хизматрасониҳои АМИТ «Ховар», дигар шаҳрвандон (шахсони воқеӣ) ва ташкилот (шахсони ҳуқуқӣ), ки воситаҳои ахбори омма маҳсуб намешаванд.

2. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

2.1. Қоидаҳои мазкур  тартиб ва шарти истифодаи маводи дар сомона ҷойдодаро, ки соҳиби он Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (минбаъд- АМИТ «Ховар») маҳсуб мешавад, муайян менамоянд;

2.2. Қоидаҳои мазкур мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои гражданӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, №961 «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, №55 «Дар бораи иттилоот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 «Дар бораи ҳифзи иттилоот», дигар санадҳои  дахлдори меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд;

2.3. Қоидаҳои мазкур ба тамоми истифодабарандагон дахл доранд. Истифодабарандаи сомона дилхоҳ шахсе маҳсуб мешавад, ки  ба он дастрасӣ дошта, муқаррароти Қоидаҳои мазкурро ба миқдори умумӣ, бе ягон тавзеҳ, қайду мулоҳиза ва истиснои дигар дар лаҳзаи боздиди аввали захираи электронии «Ховар» ё истифодаи маводи он қабул менамояд. Истифодабаранда муваззаф аст, ки боздиди захираи электронии «Ховар» ё истифодаи маводи онро дар ҳолате қатъ намояд, ки  агар бо ягон ҳолати Қоидаҳои мазкур ҳамфикр нест;

2.4. Қоидаҳои мазкур пурра ва ё қисман метавонанд аз ҷониби АМИТ «Ховар» дар дилхоҳ замон, бе огоҳии махсус тағйир дода шаванд. Таҳрири нави Қоидаҳо аз лаҳзаи нашри он дар сомона ба ҳукми амал медарояд;

2.5. Истифодаи Мавод ва хизматрасонии сомона тибқи меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад;

2.6.  Қоидаҳои мазкур пешниҳоди умумӣ маҳсуб мешаванд, яъне иттилои  бо дастрасии ошкоро пешниҳодшуда, ки танҳо ризоияти як тарафро талаб мекунад. Агар маълумотгиранда онро хонда, розӣ шавад, пас ин маънои онро дорад, ки ӯ шарти Қоидаҳоро қабул намудааст;

2.7. Бо пайдо намудани дастрасӣ ба Мавод ва хизматрасонии сомона, истифодабаранда ба созишномаи мазкур ҳамроҳшуда маҳсуб мешавад. Мутобиқи моддаҳои 51-52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул ва тасдиқи ризоияти пурра ва бечуну чаро аз ҷониби худи истифодабаранда бо шартҳои Қоидаҳои мазкур ба бастани созишномаи маҷозӣ баробар аст.

3. ШАРТ ВА ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ МАВОД     

3.1. Истифодабаранда ризоият медиҳад амалҳоеро анҷом надиҳад, ки ҳамчун вайронкунии қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ маҳсуб мешаванд, аз ҷумла дар самти моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи муаллифӣ ё ба он наздик, инчунин дилхоҳ амалҳое, ки ба вайронкунии моддаи 14 (воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ)-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», моддаи 34 (ҳуқуқи моликият ба иттилоъ)-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», моддаи 1 (бартарафнамоӣ, ихроҷ, дуздӣ, гумкунӣ, таҳриф, сохтакории маълумот) ва моддаи 13 (риояи муносибатҳои ҳуқуқии меъёрҳо, талабот ва қоидаҳои дорои хусусияти ташкилӣ ва техникӣ оид ба ҳифзи иттилоот аз ҷониби субъектҳо)-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот», моддаи 28 (ҳифзи иттилоот)-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» ва ғайра оварда метавонанд;

3.2. Ҳангоми ҳар ҳолати Истифодаи Маводи матнии Захираҳои электронии АМИТ «Ховар» Истифодабаранда вазифадор аст, ки истинод ба АМИТ «Ховар»-ро ҳамчун ба сарчашмаи маълумот ба ин тарз нишон диҳад (қайд кунад);

3.2.1. Ҳангоми Истифодаи Маводи матнӣ дар нашрияҳои чопӣ ё дигар шаклҳо, ки тавассути мавод паҳн карда мешаванд,-  истифода дар намуди мафҳуми матнӣ: «Манбаъ: АМИТ «Ховар»» ё «Манбаъ: Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»»;

3.2.2. Ҳангоми Истифодаи Маводи матнӣ зимни пахши барномаҳои радиоӣ, телевизионӣ, видеоӣ, кинохроника-  дар шакли ёдоварии даҳонӣ: «АМИТ «Ховар»» ё «Агентии иттилоотии «Ховар»»;

3.2.3. Ҳангоми Истифодаи Маводи матнӣ дар сомонаҳои шабакаи  Интернет ё дигар шаклҳои истифода дар намуди электронӣ- бо роҳи дар мавод ба сифати манбаи иқтибос нишон додани тартиби АМИТ «Ховар» дар шакли саристиноди (гиперссылка) фаъоли  индексии низоми ҷустуҷӯӣ дар саҳифаи ҷойгирнамоии Маводи матнӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар»  www.khovar.tj;

3.2.4. Истинод ба манбаъ ё саристинод (гиперссылка)  бояд дар аввали Маводи матнии таҷдидшаванда қарор гирад. Андозаи ҳуруфи истинод ба манбаъ ё саристинод (гипперссылка) набояд аз андозаи ҳуруфи матне, ки дар он Маводи матнӣ истифода мешаванд, хурдтар бошад;

3.2.5. Ҳангоми истифодаи маводи графикӣ, сурат ва видеоӣ саристинод (гипперссылка) ба Агентӣ бояд бевосита зери маводи истифодашаванда ҷойгир карда шавад;

3.3. Шарҳ ва дигар қайдҳои Истифодабаранда дар сомона набояд хилофи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва меъёрҳои аз ҷониби умум қабулгардидаи одобу ахлоқ бошанд;

3.4. Истифодаи Маводи аксии АМИТ «Ховар», аз ҷумла нусхабардорӣ, паҳнкунӣ ва нашр ҳатман бояд бо логотипи сомона ва истинод ба сомона ҳамчун ба сарчашмаи нахустини хабар ҳамроҳ бошад (буридан ва поккунии логотип дар акс ва маводи видеоии сомона манъ аст);

3.5. Паҳнкунии Маводи хабарие, ки дар сомона ҷойгир карда шудааст, танҳо баъди баёни он дар нашрияи дигар (рерайт) иҷозат дода мешавад.  Зимни он, саристинод (гиперссылка) ба маводи ниҳоӣ ва қолаби «АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад», ки дар сархати аввали маводи паҳншаванда ҷой дода мешавад, ҳатмист;

3.6. Ҳангоми Истифодаи Захираҳои электронии АМИТ  «Ховар» Истифодабаранда уҳдадор аст софдилона амал намояд ва рафторе анҷом надиҳад, ки ба Захираҳои электронии АМИТ «Ховар»  осеб расонида тавонад;

3.7. Захираҳои электронии АМИТ «Ховар»-ро набояд бо кумаки ягон навъи барномаи таъминотии зараррасон истифода кард;

3.8. Истифодаи Маводе, ки АМИТ «Ховар» аз шарикони хориҷиаш дастрас намудааст, инчунин мавод бо тамғаи «Истифода мамнуъ аст» манъ мебошад.

4. ШАРТҲОИ ДИГАР 

4.1. Ҳангоми азнавтаҳиякунии мавод ихтисор ё аз нав қисматбандӣ намудани ҷузъҳои мавод ба шарте иҷозат дода мешавад, ки агар  маъно таҳриф нашавад;

4.2. Масъулият барои таҳрифи маънои мавод, ки бар асари ба таври носаҳеҳ аз нав нашр намудани он ба амал меояд, ба дӯши Истифодабаранда гузошта мешавад;

4.3. Таҳрири дилхоҳ тасвир аз сомонаи агентӣ (наворгирӣ, истифодаи коллаж, пинҳон кардани «аломати логотип») манъ аст;

4.4. Тамоми баҳсҳои имконпазире, ки аз Қоидаҳои мазкур бармеоянд ва ё ба он пайванданд, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд;

4.5. Беамалӣ аз ҷониби АМИТ «Ховар» дар сурати аз тарафи ягон Истифодабаранда вайрон кардани ҳолати Қоидаҳо АМИТ «Ховар»-ро  аз ҳуқуқи минбаъд  андешидани  чораҳои мувофиқ барои ҳимояи манфиатҳои хеш ва ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ барои маводи сомона, ки тибқи қонунгузорӣ ҳифз карда мешаванд, маҳрум намесозад. Истифодабаранда тасдиқ менамояд, ки бо тамоми моддаҳои Қоидаҳои  мазкур шинос буда, бешубҳа, онҳоро қабул мекунад;

4.6. Доир ба тамоми масъалаҳои марбут ба Мавод ва Хизматрасонии АМИТ «Ховар» хоҳишмандем ба мутахассисони Агентӣ бо телефони 238-52-17 ё тавассути почтаи электронии niat@khovar.tj муроҷиат намоед.

5. МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОИДАҲО

5.1. Истифодаи Маводи АМИТ «Ховар» бо вайрон кардани дилхоҳ ҳолати Қоидаҳои мазкур маънои онро дорад, ки онҳо бе иҷозати АМИТ «Ховар» истифода мешаванд, ки ин вайрон кардани ҳуқуқи АМИТ «Ховар» ва/ё шахсони сеюм маҳсуб мешавад ва масъулияти ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ ва дигарро, ки қонунгузории амалкунанда пешбинӣ менамояд, дар пай дорад;

5.2. Ба ғайр аз ин, Истифодабаранда ба АМИТ «Ховар» тамоми зарари дар натиҷаи даъвои шахсони сеюм расида оид ба он ки ҳуқуқи онҳо бо амалҳои ғайриқонунии Истифодабаранда поймол шудааст, инчунин гирифтани дастурамалҳо, огоҳиҳо ва дигар санадҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, ҷалби соҳибҳуқуқ ба мурофиаи судӣ дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии Истифодабарандаро ҷуброн мекунад.

Июль 30, 2022 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш