Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар майдончаи назоратии роҳи нақлиётии №5 бо рафти корҳои сохтмону мустаҳкамкунии баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3)-и НБО «Роғун» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 12.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз майдончаи назоратии роҳи нақлиётии №5 бо рафти корҳои сохтмону мустаҳкамкунии баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) шинос шуданд.
Бармадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) дар тарози 946-973 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дорои чоҳи мавҷшикан мебошад. Баландии баромадгоҳи нақб 26 метрро ташкил медиҳад. Корҳои мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ аз тарафи паймонкори иншоот – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Вахш — сохтмон” дар асоси лоиҳа ва нақшаи тасдиқгардида бо сифати баланд ҷараён доранд.
Таъкид гардид, ки нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) бо роҳи насби анкерҳо, пошидани маҳлули бетонӣ ва насби лӯлаҳои заҳкаш мустаҳкам карда мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз рӯи лоиҳа корҳои заминӣ то имрӯз 657 ҳазору 900 метри мукааб ва бетонхобонӣ 142 ҳазору 400 метри мукааб иҷро шудааст. Ҳамзамон дар асоси талабот ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ дар иншоот то имрӯз 8 ҳазору 300 тонна арматура истифода гардидааст. Тибқи лоиҳа корҳои заминӣ дар ин мавзеи сохтмон 5,3 миллион метри мукааб пешбинӣ гардидааст ва аллакай 4 миллиону 900 ҳазор метри мукааби он ба иҷро расонида шудааст.
Тибқи лоиҳа ҳаҷми умумии пошидани маҳлули бетонӣ дар нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) 309 ҳазору 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Мутахассисону кормандон дар ин мавзеи сохтмон 265 ҳазору 200 метри мураббаъ маҳлули бетонӣ пошидаанд. Барои устувории кӯҳ дар асоси лоиҳа дар ин қитъаи сохтмонӣ бояд 61 ҳазору 100 метр анкерҳои ПНА ва 195 ҳазору 400 метр анкерҳои АЖГ насб карда шаванд, ки то имрӯз 58 ҳазору 100 метр анкерҳои ПНА ва 173 ҳазору 700 метр анкерҳои АЖГ насб гардидаанд.
Бо дарназардошти таъмини устувории баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) тибқи лоиҳа дар ин қитъаи неругоҳ 91 ҳазор метр чоҳҳои заҳкаш иҷро карда мешаванд ва ҳоло 70 ҳазору 700 метр чоҳҳои заҳкаш иҷро гардидааст, ки 77 фоизи нақшаи умумии корҳои дар ин самт пешбинишударо ташкил медиҳад.
Раванди бунёдкорӣ дар нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) -и иншооти азими аср дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи мутахассисони дорои таҷрибаи баланди касбӣ бо суръат идома дорад.
Зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони муҳандисию техникӣ дастур доданд, ки минбаъд низ ба иҷрои босифати корҳои бунёдӣ дар ҳамаи қитъаҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” диққати махсус равона намоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






