Соли 2022 хонандагони тоҷик аз Олимпиадаҳои байналмилалӣ 140 медали тило ба даст оварданд

Июль 9, 2022 09:18

ДУШАНБЕ, 09.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2022 8 ҳазору 419 нафар хонандаи тоҷик имконияти дар 11 олимпиадаи байналмилалӣ мустақиман ва тариқи фосилавӣ аз фанҳои математика, физика, химия, табиатшиносӣ ва забони англисӣ дар давлатҳои Амрико, Венгрия, Италия, Словения, Босния-Герсиговения, Қазоқистон ва Узбекистон иштирок намуданро  пайдо карданд. Дар ин олимпиадаҳо хонандагони тоҷик дар миёни хонандагони давлатҳои пешрафтаи дунё сазовори 1058 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 140 медали тилло, 368 медали нуқра ва 550 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худро беҳбуд бахшидан ба маорифи миллӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти мактабӣ, ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ва истифодаи стандартҳои байналмилалии таълим эълон кардааст.

Ҳамин аст, ки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 31 январи соли 2020 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф» эълон карданд.

Натиҷаи ин аст, ки хонандагони муассисаҳои мамлакат рӯз аз рӯз ба омӯзиши илмҳои дақиқ рӯ оварда, дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ натиҷаи хуб нишон дода истодаанд.

Инчунин дар соли равон дар кишвар 24 олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ, аз ҷумла 13 намуди олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 11 намуди олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ гузаронида шуд.

Ҷамъбаст ва натиҷагирии даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони синфҳои 5-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар соли 2022 нишон дод, ки дар онҳо 6410 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Таҳлилҳо нишон дод, ки иштироки хонандагон дар ҳаракатӣ олимпӣ нисбат ба соли 2021 2167 нафар зиёд буда, 42,2 фоизи иштирокчиён ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Бо мақсади иҷрои дастури Сарвари Давлат ва нақша- чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷимкистон бо назардошти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ фарогирӣ ба маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагӣ нисбат ба семоҳаи аввали соли равон 4870 нафар зиёд гардида, дар умум фарогирӣ ба 62162 нафар аъзо расид. Соли дуюм аст, ки аъзои маҳфилҳои марказ дар олимпиадаҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ аз фанҳои биология ва химия фаъолона иштирок намуда, сазовори 18 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 ҷойи якум, 8 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм гардида, як нафар роҳхат ба даври олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2022 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд