«Тоҷикаэронавигатсия» ба беш аз 30 ҳазор ҳавопаймоҳои ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ хизмат расонид

Июль 8, 2022 11:42

ДУШАНБЕ,08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» дар соли равон ба зиёда аз 30 ҳазору 900 ҳавопаймои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ хизматрасонии аэронавигатсиониро пешниҳод намуданд.

Дар ин бора директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода дар ҷаласае, ки дар он фаъолияти корхона бо иштироки  директори тозатаъингардидаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Дилшод Сафарзода ва кормандони «Тоҷикаэронавигатсия» доир гардид,  маълумот дод.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронавигатсия» хабар  медиҳад, ки зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти хоҷагиву истеҳсолии «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода гуфт, ки дар ин давра инчунин таҷдиду навсозии як қатор таҷҳизоти фаннӣ ва таъмини барномавии муосири таҷҳизотҳои корхона  амалӣ  гардид.

Дар маърузаи муфассали директори генералӣ комёбиҳои корхона дар давраи гузашта ва омилҳои нави ҳавасмандгардонӣ, ки ба беҳтар намудани сифати меҳнат ва истироҳати коргарон нигаронида шудаанд, муфассал зикр шуд.

Таъкид гардид, ки вазъи кунунии фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» аз даромаднокии корхона, устувории он ва сари вақт пардохт намудани андозҳо ба буҷети давлатии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад. Илова бар ин, барои рушди воҳидҳои сохтории корхона фонди молиявии ҷамъшаванда таъсис дода шуда, сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ вобаста ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосир тамоюли рушдро касб намудааст.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати  мамлакат Дилшод  Сафарзода ба натиҷаҳои нимсолаи аввал ва фаъолияти кормандон баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки рушди корхона на танҳо комёбии корхона аст, балки ифтихори авиатсияи ватанӣ мебошад. Ў ҳамчунин иброз дошт, ки «Тоҷикаэронавигатсия» ҳамеша сохтори устувортарин ва рушдёбандаи авиатсияи граждании кишвар мебошад, ки роҳбарияти Агентӣ ба он такя менамояд.  ««Тоҷикаэронавигатсия»  «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025»-ро мунтазам амалӣ намуда, технологияҳои наву муосирро муваффақона ҷорӣ намуд. Инчунин  ба омода намудани кадрҳои ҷавон ва бозомӯзии мутахассисони собиқадор таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста кормандони корхона ва табакаҳои ниёзманди ҷомеаро дастгирӣ менамояд, ки самараи наҷиби худро медиҳад», — тазаккур дод номбурда.

Дар анҷом Дилшод Сафарзода изҳори умед намуд, ки мақом ва дастовардҳои КВД «Тоҷикаэронавигатсия» минбаъд низ дар сатҳи баланд қарор гирифта, барои дигар сохторҳои авиатсионии кишвар намунаи ибрат  хоҳад буд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

Июль 8, 2022 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид