Тоҷикистон ва Қазоқистон татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаи обу энергетика суръат мебахшанд

Июль 15, 2022 15:36

ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл дар ҳошияи ҷаласаи 60- уми Шӯрои энеретикии ИДМ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Болат Акчулаков мулоқот анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Қазоқистонро дар бахши обу энергетика, аз ҷумла суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рушди энергияи сабз бо назардошти неругоҳҳои сохташудаи хурду миёна, сохтмони неругоҳҳои нав, пайвастшавии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ташкили бозори минтақавӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ ва воридоти нафту газ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон муҳокима намуданд.

Дар мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода низ иштирок дошт.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 15, 2022 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд