ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ. Дар Бохтар 2 километр канори заҳбури обгузар аз партов ва алафҳои бегона пок карда шуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории амалиёти «Тозагии соҳил» дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар 2 километр канори заҳбури обгузаре, ки аз маҳҳалаи Ваҳдат мегузарад, аз партов ва алафҳои бегона пок карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Амалиёти «Тозагии соҳил» дар доираи омодагӣ ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор дар маҳаллаи Ваҳдат гузаронида шуд.
Дар рафти баргузории амалиёт 200 нафар сокинони касбу кори гуногун иштирок намуда, дар тозагии ҷӯю заҳбурҳо саҳм гузоштанд.
Тавре мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар Шамсиддин Халилзода иброз намуд, чунин тадбирҳои экологӣ дар дигар маҳаллаҳо бо ҷалби аҳолӣ идома дошта, то ҷашни дарпешистода масъулон тасмим доранд, дар самти тозагии муҳити зист корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст






