Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ва ифтитоҳи бинои нави Кӯдакистони «Зангӯла» дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №10 (Кӯдакистони “Зангӯла”)-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави Кӯдакистони “Зангӯла” барои таълиму тарбияи 150 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, бо мақсади рушди соҳаи маориф ва амалисозии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар зарфи як сол аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Иншооти нав дуошёна буда, дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ, ошхона ва нуқтаи тиббӣ мебошад.
Дар Муассисаи таҳсилоти томактабии “Зангӯла” дар чор гурӯҳ имконияти мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё буда, барои бозиву фароғат низ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дохили гурӯҳҳо бо ҷиҳозу аёнияти муосиру замонавӣ таъмин буда, ороиши дохили ҳуҷраҳо низ мувофиқ ба хоҳишу завқи кӯдакон анҷом дода шудааст.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






