90 нафар магистранту донишҷӯён Академияи идоракунии давлатиро бо дипломи аъло хатм карданд
ДУШАНБЕ, 06.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 август дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва магистратура дар соли таҳсили 2022-2022 баргузор шуд. Имсол 776 нафар зинаҳои бакалавриат ва магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуданд, ки аз ин шумора 90 нафар донишҷӯёну магистрантон соҳиби дипломи аъло гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академия.
Дар ҷамъомад ректори Академия Абдухалил Ғафурзода, ноибони ректор, омӯзгорону кормандон ва хатмкунандагон иштирок намуданд.
Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки пайравони асили Пешвои миллат — дастпарварони ин боргоҳи маърифат нафароне ҳастанд, ки садоқату самимият, эҳтиром ба Ватан — модар ва пеш аз ҳама, ба муассиси Академия- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд.
«Хатмкунандагони ин даргоҳ бояд бо донишҳои андӯхта аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда нишон диҳанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ватани маҳбубамон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кунанд ва ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд»,- гуфт Абдухалил Ғафурзода.
Зикр шуд, ки ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошт. Имрӯз аксари кормандони сохторҳои давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат ба садоқати насли ҷавон ва қудрату тавоноии ин қишри ҷомеа боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба 90 нафар – 62 магистрант ва 28 донишҷӯ дипломҳои аъло супорида шуданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ











Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






