Ҳайати парлумонии Ҷопон аз «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати парлумонии Ҷопон таҳти роҳбарии Кейҷи Фуруя аз Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуда, дар маросими кушодашавии нуқтаи низоми мобилии томографияи компютерӣ ва маросими рӯнамои таҷҳизоти тиббии онкологӣ дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ (шуъбаи ташхиси рентгенеологӣ, ултрасадо ва эндосколӣ) иштирок кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи сиёсати фаъол баҳри беҳдошти сатҳи зисти аҳолӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар ва ҳамгироии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ тадбирҳои зарурӣ ва самаранок меандешад.
Дар назар аст, ки имрӯз Кейҷи Фуруя бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати энергетика ва «НБО Роғун» мулоқот намояд.
Акс: МН МО ҶТ









Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар мавзуи «Дипломатияи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – назария ва амалияи он» ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Тоҷикистону Кипр робитаҳои байнипарламентиро тақвият медиҳанд
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи экологӣ доир шуд
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон якчанд созишнома ба тасвиб расид






