Академик Фозил Тоҳиров дар синни 83 даргузашт

Август 17, 2022 12:54

ДУШАНБЕ, 17.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар синни 83 донишманди маъруфи тоҷик, академик Фозил Тоҳиров даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ карда, гуфтааст, ки «академик Фозил Тоҳиров пас аз бемории тӯлонӣ ин дунёро тарк намуд».

Фозил Тоҳиров соли 1939 дар Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1966 факултаи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм карда, баъд аз он то соли 1995, тақрибан 30 сол дар ин донишгоҳ кор кардааст. Фозил Тоҳиров солҳои 1990-1995 ректори ДДТ буд.

Соли 1995 ба Академияи илмҳо гузашт ва 11 сол, аз соли 1995 то 2006 саркотиби илмии Академия ва аз соли 2006 директори Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳо буд, баъди он — директори Ҷамъияти ҷумҳуриявии «Дониш».

Фозил Тоҳиров соли 1988 унвони илмии доктори илми ҳуқуқро гирифта, соли 1990 профессор шуда, соли 2009 чун узви ҳақиқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд.

Ӯ муаллифи зиёда аз 150 китобу мақолаҳои илмӣ мебошад.

Соли 2019 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 80-солагии академик Фозил Тоҳиров конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 17, 2022 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст