Ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Корея густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 23.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар чаҳорчӯби бахши тиҷоративу иқтисодӣ аз мавзӯъҳое буд, ки зимни мулоқоти муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова бо намояндаи Ҳукумати шаҳри Бусани Ҷумҳурии Корея Шин Чи–ҳуин мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноат хабар доданд, дар мулоқот Шин Чи–ҳуинро Ноиби Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Корея муҳтарам Сонг Ву Ли ва Сардори шуъбаи намоишгоҳҳои байналмилалии Ҳукумати шаҳри Бусан Ҳуванг ҳйун–ки ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар чаҳорчӯби бахши тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯ ба сатҳи баланди муносибатҳои тарафайн анҷом ёфт.
АКС: Маркази матбуоти ПСС ҶТ








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






