«Амонатбонк» ва «KazakhExport» бо мақсади ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» тасмим гирифтааст, ки дилхоҳ пешниҳод ва дархостҳои соҳибкорони Тоҷикистонро, ки аз Қазоқистон молу маҳсулот ворид менамоянд, дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷонибдорӣ намояд. Ин нуктаро раиси Раёсати ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»-и Қазоқистон Калигазин Аслан зимни мулоқот бо раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар Душанбе изҳор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд.
Сироҷиин Икромӣ зикр намуд, ки «Амонатбонк» дар раванди сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодаи он аст, ки соҳибкорони ватаниро барои рушд додани соҳибкории хурду миёна ва дарёфти шарикони рушди боэътимод дастгирӣ ва ба ворид намудани молу маҳсулот аз Қазоқистон мусоидат намояд.
Баъди мулоқот миёни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» оид ба зиёд намудани ҳаҷми иловагии маблағгузорӣ то 15 миллион доллари амрикоӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Раиси ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» иброз дошт, ки «Амонатбонк» метавонад дархостҳои иловагии пайдошударо то ҳаҷми 23 миллион доллари амрикоӣ ба «KazakhExport» пешниҳод намояд. «KazakhExport» дар навбати худ омода аст дархостҳоро баррасӣ ва дастгирӣ намояд.
Дар сурати аз худ шудани меъёри ҷудогардида аз ҷониби ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» маблағи умумӣ беш аз 30 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд. Алҳол аз ҳисоби маблағҳои ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» ба 6 лоиҳаи соҳибкорони ватанӣ ба маблағи 8,75 миллион доллари амрикоӣ тавассути маблағгузории савдо хатҳои аккредитивӣ кушода шудаанд.
Ҳадафи асосии ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум- ҷалби сармояи мустақим ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва зиёд намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад.
АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1296 сомонӣ муқаррар шудааст
Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласа оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои СММ доир шуд






