БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб барои донишҷӯён хобгоҳи нав месозад
КӮЛОБ, 30.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби таҳсил барои донишҷӯён хобгоҳи нави замонавӣ ба истифода дода мешавад.
Директори Коллеҷи тиббӣ Зубайдулло Азиззода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА иттилоъ дод, ки «айни ҳол сохтмони бинои хобгоҳи нуҳошёна барои 700 нафар донишҷӯ идома дорад. Буҷаи сохтмон 33 миллиону 595 сомониро ташкил дода, то имрӯз 16 миллиону 50 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст».
Соли 2022 барои идомаи сохтмони хобгоҳ ҷудо намудани 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ аз суратҳисоби махсуси коллеҷ ва 2 миллион сомонӣ аз суратҳисоби Раёсати сохтмони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло аз ин ҳисоб бо 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маблағи ҷудошуда корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Сохтмони бинои хобгоҳ аз ҷониби ҶДММ «Марво»-и шаҳри Душанбе идома дошта, то инҷониб 60 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Баъди пурра ба истифода додани бинои хобгоҳ донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдаст тариқи Маркази миллии тестӣ ба коллеҷ дохил мешаванд, метавонанд бо ҷои хоб таъмин гарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






