Ба ноҳияи Мастчоҳ 2 адад нақлиёти тамғаи «Портер» ва 40 адад қуттиҳои махсуси ҷамъоварии партовҳо тақдим шуданд

Август 13, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад нақлиёти тамғаи «Портер», 40 адад қуттиҳои махсуси ҷамъоварии партовҳо ва 2 адад скутер ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Мастчоҳ тақдим карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.

11 август бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, Раиси ноҳияи Мастчоҳ А. Ализода ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд А. Ҳакимзода маросими супоридани нақлиёт барои кашонидани партов ва қуттиҳои махсуси ҷамъоварии партовҳо ба Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид.

Иқдоми мазкур дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ, беҳбуди ҳолати экологии ноҳияи Мастчоҳ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва беҳтар намудани шароити кории мутахассисони соҳа сурат гирифт.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

 

Август 13, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд