«БОМИ ҶАҲОН». Дар Хоруғ Фестивали 15-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳӣ доир мегардад

Август 11, 2022 09:18

ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 21 август дар Боғи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   Фестивали 15-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» директори фестивал Самандар Пулодов.

Дар  фестивали имсола 100 навозанда аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Покистон, Ҳиндустон, Фаронса, Австрия ва Нидерланд ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ҳадафи фестивал- инъикоси зебоии гуногунии фарҳангӣ (Осиёи Марказӣ ва дар маҷмӯъ ҷаҳон) ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ тавассути ифодаи шаклҳои мухталифи санъат ва анъанаҳои гуногуни фарҳангӣ мебошад.

Дар фестивал аз ҷониби ҳунармандони касбӣ барои донишҷӯён, навозандагон, санъатшиносон, дӯстдорони мусиқии ватанӣ ва хориҷӣ силсиладарсҳои маҳоратӣ доир карда мешаванд.

Дар доираи фестивал инчунин намоишгоҳҳои ҳунарӣ, хӯрокҳои миллӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ пешкаши иштирокдорон мегарданд.

АКС аз www.facebook.com/ROTWF/ манъбаҳои боз

Август 11, 2022 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад